ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Сентябрь 12, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак, чанде аз  чунин ҳолатҳоро  барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Лату кӯб ва ғоратгарӣ

Ба шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи шаҳрванд Шаҳло Бобораҷабова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум дар он хусус ворид гардид, ки 3 сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 5.30 дар кӯчаи Назаршоев шаҳрванд Алишерзода Умеди Алишер, соли таваллудаш 1996, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ мошини шахсиаш- тамғаи «Лексус-350» -ро рабудааст.

Бо бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур гумонбар дастгир гардид.

Қасдан расонидани зарари вазнин аз ҷониби ноболиғ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда 9 сентябри соли равон, тахминан соати 21:30, ҳангоми дар маъракаи тӯйи ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқиша бо ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Гулшани ҳамин ноҳия ҷанҷол карда, бо корд якчанд маротиба ба бадани ӯ задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дастгир гардидани қотилон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия шаҳрвандон марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 248, 281 ва 331 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 115 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, аз ҳудуди ноҳияи Варзоб бо ҷурми одамкушӣ дастгир карда шуданд. Номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ 23 марти соли 2016 дар шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистони ФР бо истифода аз яроқи оташфишони таппончаи «Макаров» ба қафаси синаи ду марди 40-солаи сокинони шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистон 3 маротиба тир холӣ намудаанд.

Дар натиҷа як нафари онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Нафари дуюм ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда мешавад.

Кирдори содиркардаи онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиноят эътироф карда, нисбат ба онҳо аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.

 

 

Сентябрь 12, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло