Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов
ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрўз дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории байниҳукуматии дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо ташаббус ва сиёсати бобарори хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ ҳамгироии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳамасола тақвият ёфта, натиҷаҳои назаррас низ ба даст омадаанд.









Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






