Ҳафтаи фарҳангии тоҷикони муқими Хабаровск таъриху фарҳанги қадимии моро муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «ХОВАР»/. Аз 1 то 7 октябри соли равон дар кишвари Хабаровски Федератсияи Россия Ҳафтаи фарҳангии тоҷикони муқими Хабаровск баргузор мегардад.
Тавре роҳбари Ҷамьияти минтақавии тоҷикони Хабаровск бо номи «Тоҷикони кишвари Хабаровск» Моҳтоб Ғафурова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ дод, ин иқдом дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 роҳандозӣ шудааст.
«Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории ҳафта расму оин, фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик, ҳунарҳои миллӣ, аксу мусаввараҳои Тоҷикистони муосир, намоиши китобҳои адибони классику муосири тоҷик, видеороликҳо дар бораи таърихи дирӯзу имрӯзи Тоҷикистон, суруду наворҳо дар бораи табиати зебои Тоҷикистон, намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллии тоҷикона, маҳсулоти нонию қаннодӣ, хони пурнозу неъмати мардуми тоҷик ба барномаи фестивал дохил карда шуда, тӯли ҳафта намоиш дода мешаванд»,- афзуд манбаъ.
Ҳар як рӯзи ҳафтаи фарҳангӣ тибқи барномаи он сурат гирифта, 7 октябр кинофестивал баргузор мегардад. Дар ин рӯз дар бахши филмҳои ҳуҷҷатӣ маъмурияти Ассамблеяи халқҳои кишвари Хабаровск филми ҳуҷҷатии рӯзноманигори тоҷик Садбарги Боқиро бо номи «Тоҷикони Хабаровск» намоиш медиҳанд.
Дар филми мазкур кору зиндагии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони муваффақи тоҷик, ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ, оинҳои миллӣ ва комёбии варзишгарони тоҷик дар Шарқи Дур тасвир ёфтааст.
Тавре Моҳтоб Ғафурова зикр намуд, Ҳукумати кишвари Хабаровск ба фарҳангу оинҳои миллии мардуми ободкори тоҷик таваҷҷуҳи хосса дорад ва дар тамоми чорабиниҳои ин минтақа намояндагони тоҷиконро даъват мекунанд. Ҳамкории неку созанда ва таъриху фарҳанги қадимӣ доштани миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки чунин чорабинии сатҳи баланд баргузор гардад.
Дар ин рӯзҳо дар толори васеи «Хонаи дӯстии халқҳо» расмҳои фарзандони шуҷою далери Тоҷикистон, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кардаанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ суруду мусиқиҳои тоҷикӣ, хусусан суруди аллаи модар дар сари гаҳвораи фарзанд пешниҳоди иштирокдорони ҳафтаи фарҳангӣ мегардад.
Ба таъкиди Моҳтоб Ғафурова, баргузории чунин фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ барои муаррифии таъриху тамаддун, фарҳангу расму оини мардуми тоҷик, ки воқеан халқи соҳибфарҳанг мебошад, нақши муҳим мегузорад.
«Ҳамчунин ба ин восита мо мехоҳем барои тарбияи дуруст, нигоҳдошти ҳисси миллию дарки хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ дар ниҳоди фарзандони миллати тоҷик, ки дар ин минтақаи дури Россия кору зиндагӣ дошта, муқими ин ҷоянд, саҳм гузорем»,- афзуд номбурда.










«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






