«ТИЛЛОИ САФЕД» — БА ВАТАН. Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи меҳнатии ҷамъоварии пахта қадршиносӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и маркази маъмурии вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ба ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ дар мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта мукофотҳо тақдим карда шуданд.
Дар ин ҷамъомад, ки бо ҳузури фаъолон, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, сарраёсати кишоварзии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷараён гирифт, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.
Баъди сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят қироат карда шуд. Тибқи қарори мазкур дар 20-рӯзаи дуюми пахтачинӣ ноҳияи Ашт ҷойи аввал ва ноҳияи Зафаробод ҷои дуюмро ишғол карданд.
Дар 20-рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ пахтакорони ноҳияи Ашт наздик 5 ҳазор тонна ва кишоварзони ноҳияи Зафаробод 8600 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.
Дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин дониста шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибон мукофотҳои пулиро мутаносибан дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим намуда, ба чинакчиёни беҳтарин низ туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Ҳамзамон ба шарафи ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ «Парчами шараф» барафрохта шуд.


















Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






