«ҲАМРОҲ БИХОНЕМ». Ба хонандагони шаҳри Ҳисор 40 номгӯй китобҳои бадеӣ тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Бастаи 40 номгӯй китобҳои бадеӣ, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардидаанд, дар як маросими ботантана бо ҳузури муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода ва Кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт ба хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд. Маросими густурдаи тақдими китобҳои бадеӣ ба хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Ҳисор дар мактаби рақами 1-и шаҳр бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ, соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон сурат гирифт.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико /USAID/ дар доираи татбиқи лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» барои зиёда аз ҳазор мактаби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон беш аз 140 ҳазор номгӯй китобҳои бадеӣ тақдим менамояд. Китобҳои бадеии бачагона барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ –аз 1 то 4-и мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар, ки таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, буда, фарогири осори нависандагони тоҷик, рус ва дигар миллатҳо мебошанд.
Китобҳои бадеӣ, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мамлакат тақсим карда мешаванд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ин марҳилаи дуюми тақдими китобҳои бадеӣ аз ҷониби USAID дар соли 2018 ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагони Тоҷикистон мебошад.
Чанде қабл беш аз 7200 адад китоб ба кӯдаконе, ки дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кишвар дар озмуни «Хонандаи беҳтарин» иштирок намуданд, тақдим гардид.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ба тақвияти малакаи дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва густариши фарҳанги китобхонӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни интихоб, таҳия ва дастрасии китобҳо бо USAID ҳамкорӣ менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






