ҶАШНИ ҲОСИЛ, ФАРОВОНӢ ВА ВАҲДАТ. Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, пагоҳ, 13 октябр, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рўз баргузории барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайругашти оммавӣ дар назар аст. Зеро Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукўҳи он башорати рӯзгори босаодат аст.
Ёдовар мешавем, ки барномаҳои ҷашнӣ дар Боғи Фирдавсӣ соати 09:00 оғоз меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукўҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад. Он аз замонҳои ниҳоят қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат ва тамоми ҷузъиёташ баргузор мекарданд.
Бо сайю кўшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё шуд ва ба қатори беҳтарин маросимҳои миллӣ ворид гардид.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






