Ҷавонон бояд Ватани хешро аз душманони забонию нонӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд

Октябрь 27, 2018 10:42

РАШТ, 27.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Хатару таҳдидҳои ташкилоти  террористию экстремистии  ҲНИ  ва хоҷагони хориҷии онҳо  ба давлату миллати тоҷик, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдории миллию  пойдории сулҳу субот дар кишвари азизамон мавзӯъҳои асосие буданд, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт ва аҳли адабу маориф дар вохӯрӣ  бо донишҷӯёну омӯзгорони муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии  ноҳия  баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ  зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати маорифпарваронаро пеша намуда, дар минтақаҳои кӯҳистон  ҳам тамоми шароитро барои таълиму тарбия ва дарсомӯзии донишҷӯён фароҳам овардааст, то ҷавонон пайваста илм омӯзанд. Аз ин рӯ, ин насли ояндасоз  набояд фирефтаи макру ҳиллаи роҳбарону намояндагони ТЭТ ҲНИ гардад. Ҷавонон бояд дар таъмини амният ва сулҳу оромии кишвар, ки барои мардуми сарзаминамон неъмати бузург аст, нақши сазовор  гузошта, Ватани азизамонро аз хабари душманони забонию нонӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Ин гуна вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои минтақаи Рашт, муассисаҳои таълимӣ ва миёнаи касбӣ ва донишҷӯёну устодони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Мақсади асосии чунин вохӯриҳо бохабар  гардонидани ҷавонон аз фаъолияти тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконашон, инчунин пешгирӣ аз гумроҳсозӣ ва шомил  нашудани ҷавонон ба ин гуна ташкилотҳои террористӣ мебошад.

Октябрь 27, 2018 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд