Азим Иброҳим: «Омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон дар вилояти Хатлон нокифоя мебошанд»
ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Бохтар зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии вилояти Хатлон ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 баргузор гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар ба роҳ монда шудааст ва ин нишондиҳанда таъсири мусбати худро ба омодагии муносиби давраи зимистони солҳои 2018-2019 аллакай расонидааст. Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, омодагии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тибқи хулосаи гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 75%-и иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба давраи зимистонро ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки мутаассифона, ҳолати омодагии баъзе соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят то имрўз нигаронкунанда боқӣ мондааст. Мутобиқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят, сатҳи таъмини захираи хӯроки чорво, аз ҷумла хӯроки ширадор ва дурушт фарогири танҳо 6%-и шумораи хоҷагиҳои деҳқонии вилоят мебошад. Оид ба 94%-и боқимонда, ки ба бахши хусусӣ дахл дорад, Раёсат ягон хел маълумот надорад.
Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки таъмини қисмҳои низомӣ бо маводи ғизоӣ, сару либос, пойафзол ва захираи маводи сӯзишворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулин бояд дар ин самт корҳоро пурзӯр гардонанд.
Муовини Сарвазири мамлакат инчунин ҷиҳати таъмин намудани хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъминоти барқ ба сохторҳои хизматрасон супоришҳои мушаххас дод.
Дар интиҳо муовини Сарвазири мамлакат омодагии умумии вилоятро то имрӯз барои давраи зимистони солҳои 2018-2019 дар сатҳи нокифоя баҳогузорӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин камбудиҳои мавҷударо бартараф намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






