БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ СОҲИБКОР. Дар Кумитаи миллии олимпӣ оид ба фаъолияти соҳибкории ҷавонон ҳамоиш доир мешавад
ДУШАНБЕ, 10.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 октябр, соати 14:00 дар толори Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон дар мавзӯи «Фаъолияти соҳибкории ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиш баргузор мегардад. Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳамоиш мутахассисон ва соҳибкорони ҷавони ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Дар назар аст, ки дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Клуби соҳибкорони ҷавон ва дигар вазорату идораҳо иштирок намуда, доир ба саҳми соҳибкорон дар пешрафти ҷомеа, дастгирӣ ва имтиёзҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон мубодилаи афкор намоянд.
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисоди миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат аз соли 2014 инҷониб 14 октябр Рӯзи соҳибкор эълон гардидааст. Дар доираи санаи мазкур ҳамасола дар мамлакат Форуми сармоягузорон баргузор гардида, дар кори он, аз ҷумла садҳо соҳибкорону сармоягузорони дохилию бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ иштирок мекунанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






