БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ СОҲИБКОР. Дар шаҳри Кӯлоб Форуми сармоягузорӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 4.10.2108. /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи дуюми моҳи октябри соли равон бахшида ба Рӯзи соҳибкор дар шаҳри Кўлоб Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба Форуми сармоягузорӣ дар баробари масъулину соҳибкорони ватанӣ, ҳамчунин шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони хориҷӣ даъват мешаванд.
Зимни Форуми мазкур таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун механизми татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, имконият ва захираҳои мавҷуда барои ташкили минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, роҳу имкониятҳои саноатикунонии шаҳр, имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ аз соли 2014 инҷониб 14 октябр Рӯзи соҳибкор эълон гардидааст. Ин рӯз бо назардошти саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ҳар сол дар мамлакат таҷлил мегардад.
Дар доираи санаи мазкур ҳамасола дар мамлакат Форуми сармоягузорон баргузор гардида, дар кори он, аз ҷумла садҳо нафар соҳибкорону сармоягузорони дохилию бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ иштирок мекунанд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






