БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ. Мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ 3 трансформатору 6,5 км симҳои серборро иваз карданд

Октябрь 9, 2018 12:11

ДУШАНБЕ, 9.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз аз буҷети ноҳияи Рӯдакӣ 1 млн 744  ҳазор сомонӣ барои хариди ангиштсанг, ҳезум ва дигар маводи сўзишворӣ ҷудо гардидааст. Дар ин бора муовини Раиси ноҳия Раҷаб Ашуров ба хабарнигори АМИТ  «Ховар»  иттилоъ дод.

Ба иттилои Раҷаб Ашуров, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» тадбирҳои судманд меандешад.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони имсола то имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1391 тонна ангишт, 1263 метри мукааб ҳезум, 2179 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Инчунин муассисаҳои таълимӣ бо 98 генератори барқӣ, 655 гармкунаки барқӣ ва  2175 печи буғӣ таъмин гардидаанд.

Захираи маводи зидди лағжиш ва омода намудани техникаю механизмҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. То имрӯз мутахассисони  ин муассиса барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон мувофиқи нақша 2400 метри кубӣ омехтаи қуму намак, 15 тонна ангишт, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 15 метри мукааб ҳезум захира намудаанд. Дар айни замон 17 адад техника дар ҳолати корӣ қарор доранд,  ки ин ҳама ба 100 фоизи нақша баробар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, тозагии маркази ноҳия аз маҳсули заҳмати кормандони Корхонаи давлатии фаръии  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ кормандони муассиса бо 40 ҷуфт либосҳои махсуси зимистона ва пойафзолу дастпӯшак таъмин гардиданд. Барои  тоза намудани маркази ноҳия аз партовҳо 8 адад техникаҳои гуногун дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Шабакаҳои барқи ноҳия дар мувозинати худ 34 зеристгоҳи барқӣ дошта, дар ҳудуди ноҳия 2033 трансформаторҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Аз ин ҳисоб 668 адади он шахсӣ буда, 1365 адади дигар дар мувозинати шабакаҳои барқ қарор доранд.

Барои хуб гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон аз тарафи мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ 3 трансформатору 6,5 км симҳои сербор ва  76 адад ҷудокунаки барқӣ иваз гардида, 15 адад зерпояи оҳану бетонии симчӯбҳо гузошта шуда, 18 адад симчӯбҳои корношоям ва зиёда аз 600 адад трансформаторҳо таъмири ҷорӣ карда шуданд.

 

Октябрь 9, 2018 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд