Баъди сардиҳои уралӣ то охири моҳи октябр моро ҳавои муътадил интизор аст

Октябрь 26, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  То охири моҳи октябр дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво муътадил боқӣ монда,  гармии он то   ба 28 дараҷа мерасад.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар»   сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамила  Байдуллоева  хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷ. Байдуллоева,  тайи чанд  рӯзи охир баъд аз сардиҳои аввали моҳ дар ҷумҳурӣ ҳавои   камабри бебориш ва боло рафтани ҳарорати ҳаво ба қайд гирифта шудааст.  Ҳарорати ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   аз 23 то ба 28 дараҷа  расида, чунин вазъи ҳаво   то охири моҳиоктябр давом мекунад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбат,  гарчанде ҳарорати ҳаво боло рафта бошад ҳам,  аммо рӯзҳои 28 ва 29 октябр дар як қатор минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ эҳтимоли тағйир ёфтани ҳаво ва боридани  боришоти на он қадар пуршиддат пешгӯӣ мешавад.  Гарчанде  дар ин рӯзҳо ҳаво тағйирёбанда бошад ҳам, ҳарорат паст намешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки аввали моҳи октябр дар натиҷаи ҳаракат кардани ҳавои сарде, ки аз тарафи Урал ба Осиёи Марказӣ   ворид шуда буд,   дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 10-15 дараҷа аз меъёри муқаррарӣ  паст фаромад. Дар натиҷаи паст шудани ҳарорати ҳаво  дар як қатор минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ     борон ба барфи тар мубаддал гардид.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, барои муайян намудани вазъи ҳавои зимистони имсола мутахассисони обуҳавошиноси тоҷик баъди чанд рӯз ба шаҳри Москва сафар намуда, ҳамроҳ бо ҳамкасбони русашон вазъи ҳаворо муайян менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, маълумоти пурра дар бораи вазъи ҳавои зимистони имсола баъди 10 ноябр манзур мегардад

Октябрь 26, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд