Беморхонаи ноҳияи Роштқалъа бо мошини ёрии таъҷилӣ таъмин гардид
ХОРУҒ, 11.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рошқалъа нимаи дуюми моҳи сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин беморхона дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бо маблағгузории Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Сардухтури беморхона Аҳтам Чақабоев гуфт, ки «барои корҳои сохтмонӣ ва хариди таҷҳизоти техникию тиббӣ қариб 30 миллион сомонӣ сарф шуд. Воқеан ин яке аз беҳтарин биноҳои муассисаҳои тиббии вилоят шумурда мешавад. Дар ифтитоҳи беморхона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, ҳангоми мулоқот бо табибон аз шароити кор пурсон шуданд.
Азбаски ҳудуди хизматрасонии тиббии беморхона масоҳати калонро дар бар мегирад, ба иллати кӯҳна будани мошини ёрии таъҷилӣ табибон зимни интиқол додани беморон бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ аз Пешвои миллат хоҳиш намудем, ки дар таъмини як мошини ёрии таъчилӣ ба мо кумак расонанд.
Ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳия Сарвари давлат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ дастур доданд, ки дар зудтарин фурсат беморхонаи навбунёди касалиҳои рӯҳии ноҳияро бо нақлиёт таъмин кунанд. Ва имрӯз мо соҳиби мошини нави ёрии таъҷилӣ гардидем. Ман аз номи табибони ноҳия ба Президенти мамлакат минатдории самимӣ баён мекунам».
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Азиз Одиназода зимни супурдани калиди мошин ба беморхонаи мазкур изҳор намуд, ки дар дохили он ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ барои расондани ёрии аввалини тиббӣ мавҷуд аст.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамчунин омодагии беморхонаи мазкурро ба мавсими зимистон мавриди баррасӣ қарор дод. Ин беморхона дорои Маркази муосири гармидиҳӣ буда, он ҳам ба воситаи неруи барқ ва ҳам тавассути ангиштсанг гармиро аз худ ихроҷ мекунад.
Бо мақсади мунтазам бо оби ошомиданӣ таъмин кардани бинои беморхона дар ҳавлии он чоҳи амудӣ бо чуқурии 30 метр сохта шудааст, ки дар як шабонарӯз дар ҳаҷми 16 ҳазору 800 метри кубӣ об захира мекунад.










Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






