Бо бунёди шабакаи обрасонӣ сокинони деҳаи дурдасти Барвози ноҳияи Роштқалъа бо оби тоза таъмин шуданд
ХОРУҒ, 25.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Барвози ноҳияи Роштқалъа чандин сол боз масофаи якуним километрро тай намуда, аз як дараи душворгузар ба манзилашон оби ошомиданӣ интиқол медоданд.
Раиси ташкилоти деҳотӣ Тоҳир Қурбонбеков гуфт, ки «дар деҳаи мо 60 хонавода зиндагӣ мекунанд. Аввали солҳои навадум ба таври ҳашар хати обгузар сохта шуд, аммо бо мурури сол бар асри боришоту селфароӣ ин хати обгузар комилан хароб гашт. Пас аз ин сокинони деҳа чандин сол боз барои дастрас кардани оби тоза ба саргаҳи об, ки дар баландии деҳа ҷойгир аст, мебароянд. Дар фасли зимистон рафтуомади деҳотиён аз ин пайроҳаи кӯҳӣ боз ҳам душвортар мегашт. Аз ин рӯ барои ҳалли ин масъала ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намудем. Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ тобистони соли равон Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ барои бунёди ин хати обгузар 39 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Сохтмони онро сокинони деҳа ба уҳда гирифтанд. Дар муддати хеле кӯтоҳ мушкилоти беобӣ аз миён бардошта шуд».
Бояд гуфт, ки ҳоло дар баробари сокинони деҳа аз ин хати обгузар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарбиятгирандагони кӯдакистони деҳа низ истифода мебаранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






