Бонувони шаҳри Гулистон дар ҳафт маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ бо кор фаро гирифта шудаанд

Октябрь 24, 2018 09:00

ГУЛИСТОН, 24.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Давоми нуҳ моҳи соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба маблағи 2 миллиарду 660 миллиону 560,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, инчунин дар ин давра истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 95 намуди аслӣ ба роҳ монда шудааст.  Ҳамзамон аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 18-тои он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 546,0% (5,5 маротиба зиёд) расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намудаанд. Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 32,9 фоизро ташкил додааст.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода иттилоъ дод.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, давоми нуҳ моҳи соли 2018 дар миқёси шаҳр ду коргоҳи дӯзандагӣ- яке аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази шаҳри Гулистон ва дигаре дар шаҳраки Адрасмон бо 16 ҷои кор таъсис ёфтааст, ки дар он ҳунармандон ба дӯхтани либосҳои мактабӣ ва миллӣ машғул мебошанд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар ҳудуди шаҳр корхонаҳои калони дӯзандагӣ, истеҳсоли орд, парандапарварӣ, коркарди пӯст ва ҳамзамон корхонаҳои хурди истеҳсоли афшураи мевагӣ, коркарди шир, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва як сардхонаи замонавӣ фаъолият доранд.

Аз ҷумла, дар 4 корхонаи истеҳсоли орди шаҳр дар ин давра аз рӯи 7 намуд 30,6 тонна маҳсулот ба маблағи 61 млн. 669,9 ҳазор сомонӣ истеҳсол карда шудааст.

Инчунин баҳри фарогирии занону бонувон бо ҷои кор ва касбомӯзӣ дар шаҳр 7 маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ таъсис ёфта, онҳо бо 33 дастгоҳ, аз ҷумла 14 дастгоҳи атласу адрасбофӣ, 19 дастгоҳи қолинбофӣ (5 калон ва 14 хурд) ва 12 мошини дарздӯзӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

То ин дам дар ин марказҳо 206 нафар занону духтарони хонанишин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳунармандӣ ва касбу ҳунар гардидаанд.

То имрӯз 423 нафар занону духтарон дар маркази таълимӣ-касбомӯзӣ фаъолият намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбу ҳунар гардидаанд.

Давоми нуҳ моҳи соли 2018 дар ин марказҳо 20 ҳазору 800 метр адрас омода ва 55 сар калоба ҳамчун ашёи хоми асосӣ тайёр карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 1137 ҷойи кор  таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 358 ҷой зиёдтар мебошад.

Октябрь 24, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст