Боздиди Сарвазири Шўрои давлатии Чин Ли Кетсян аз минтақаҳои истироҳатии ноҳияи Варзоб

Октябрь 13, 2018 19:56

ДУШАНБЕ, 13.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 13 октябр Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо ҳамсараш ва ҳайати расмӣ аз минтақаҳои истироҳатии ноҳияи Варзоб дидан намуданд.

Ба Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ва ҳамсараш табиати дилфиребу назаррабои ноҳияи Варзоб бениҳоят писанд омад.

Дарвоқеъ Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиребу назаррабояш дар мисоли табиати нотакрору нодири дараҳои Варзоб маъмулу машҳури минтақа ва ҷаҳон буда, таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон ва сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.

Меҳмонони олимақом дар ин рўз аз мавзеъҳои истироҳатии Тоҷикистон дар дараи Варзоб дидан намуда, бо намунаи ҳунарҳои мардумии тоҷикон ва намудҳои гуногуни таъомҳои миллӣ шинос шуданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳунари нонпазии мардуми тоҷик зоҳир карда шуд ва ҳамсари Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо завқи беандоза ба санъати волои нонпазии мардуми тоҷик ҳунари нонпазии хешро мавриди санҷиш қарор дод.

Дар ин макони истироҳатию фароғатии Тоҷикистон ҳайати меҳмонон аз биноҳое, ки бо риояи санъати меъморию кандакории миллати куҳанбунёди тоҷик мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудаанд, дидан намуд.

Маҳорати баланди устоҳои нодири тоҷик диққати намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чинро ҷалб сохта, онҳо ба ин рукни санъати тоҷик баҳои баланд доданд.

Дар ҳақиқат боду ҳавои тозаву обҳои мусаффои дараҳои Варзоб ба инсон ҳаловат мебахшанд ва Варзоб бо фазои мусоид ва табиати нотакрораш ба макони истироҳату фароғати доимии меҳмонон ва сайёҳони хориҷии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар ин рўз меҳмонони олимақоми Тоҷикистон бо завқи беандоза ва таассуроти хотирмон манзараҳои дилфиреби ноҳияи Варзобро аксбардорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин манзараҳо, дарвоқеъ дар минтақа ва ҷаҳон нодиру беҳамтоянд.

Октябрь 13, 2018 19:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд