Дар Академияи ВАО бахшида ба рӯзи таъсиси телевизиони тоҷик ҳамоиши илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба рӯзи таъсиси телевизиони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Нақши телевизиони Тоҷикистон дар рушди босуботи кишвар» баргузор гардид.
Дар он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони телевизион, журналистону роҳбарони шабакаҳои телевизионии кишвар ва коршиносони соҳа иштирок намуданд. Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба таърихи пуршарафи телевизиони Тоҷикистон, рушди он дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи технологияҳои муосири телевизионӣ ва усулҳои беҳтар намудани муҳтавои барномаҳо матраҳ гардиданд.
Мусаллам аст, ки 3 октябри соли 1959 аввалин маротиба телевизиони Тоҷикистон ба пахши барномаҳои худ оғоз кард. Алҳол шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар зарфи 24 соат барномаҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ тавассути пахши рақамӣ ва моҳвораӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ пешкаши тамошобинон мегардонанд.













Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд






