Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ клуби волонтёрон таъсис ёфт
ХОРУҒ, 2.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо мақсади таъсис додани «Клуби волонтёрон» мулоқот анҷом дод. Ҳарчанд дар ин донишгоҳ чанд сол аст, ки гурӯҳҳои гуногуни волонтёрон фаъолият доранд, аммо сохтори муайяне вуҷуд надошт, ки ҳамаи гурӯҳҳоро бо ҳам муттаҳид созаду донишу неруи онҳоро ба як самт равона созад.
Сардори ин гурӯҳи корӣ Саъдулло Юсупов гуфт, ки «нахустин «Клуби волонтёрон» шаш сол пеш пас аз тасдиқи Қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» таъсис дода шуд. Дар ин муддат дар тамоми раёсату бахшҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳфилҳои волонтёрон таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ карданд. Мақсади асосии ин маҳфилҳо пайдо кардани ҷавонони ташаббускору фаъол, такмил додани донишу маҳорат ва истеъдоду ҳунари онҳо аст. Аз ҳама муҳим, дар ниҳоди онҳо парваридани хислатҳои накӯи инсонӣ, ба мисли меҳрубонӣ нисбат ба пирону барҷомондагон, саҳм гузоштан дар ободии ватан дар ҳолати сар задани ягон офати табиӣ, иштироки фаъол зимни баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва варзишӣ мебошад».
Донишҷӯи ин донишгоҳ Солеҳ Неъматов яке аз аввалинҳо шуда, худро дар ин маҳфил номнавис намуд. Ӯ изҳор дошт, ки «ман ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзидам. Волонтёрӣ на танҳо ба ободии кишвар мусоидат мекунад, балки ҷавонони манотиқи кишварро, ки дар як донишгоҳ таҳсил мекунанд, боз ҳам муттаҳидтар месозад. Пирӯзии одамон бар ҳама гуна мушкилот аз муттаҳидию сарҷамъии онҳо маншаъ мегирад. Парокандагию тафриқандозӣ ба инсонҳо танҳо харобию бадбахтӣ меорад. Аз ин рӯ ояндаи кишвар ва рушду нумуъи он ба ваҳдат, ҳамкорию ҳамбастагии ҷавонон вобастагии қавӣ дорад».
Мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр идома дорад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






