Дар Душанбе ҷаласаи 15-уми Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони ИДМ баргузор гардид

Октябрь 25, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 15-уми  Шӯрои машваратӣ  оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони  кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/  баргузор гардид. Дар кори он роҳбарону намояндагони мақомоти салоҳиятдори давлатии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ  Қодирзода зимни ифтитоҳи расмии он зикр кард, ки баргузории ҷаласаи мазкур дар шаҳри Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар миқёси давлатҳои ИДМ таҳким мебахшад.

Дар ҷаласа роҳбарону намояндагони мақомоти марбутаи  кишварҳои ИДМ доир ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон,  хусусан таҳия ва татбиқи қонунгузорӣ  ва табодули таҷрибаи ба дастовардаи кишварҳои  ИДМ дар бахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон иштирокдорони  ҷаласаи 15-уми  Шӯрои машваратӣ  оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони  кишварҳои ИДМ вазъ ва дурнамои  сиёсати ҳимояи ҳуқуқи  истеъмолкунандагон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарорҳои   ҷаласаи 14-уми  Шӯрои машваратӣ  оид ба ҳимояи ҳуқуқи  истеъмолкунандагони кишварҳои ИДМ, нақши  Бонки миллии Тоҷикистон  дар раванди баланд бардоштани  фарҳанги молиявии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  масъалаҳои муҳим ва  дурнамои ҳамгироии  кишварҳои Иттиҳоди иқтисодӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, такмили таҷрибаи  ҳамкории мақомоти  ваколатдор оид ба  ҳимояи ҳуқуқи  истеъмолкунандагонро  дар доираи  ИДМ баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои марбута қабул гардиданд.

 

Октябрь 25, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд