Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чораҳои пешгирии сел, мубориза бар зидди малах, наворҳои аэрокайҳонӣ дар бораи миқдори барф дар кӯҳҳо, омӯзишҳои муҳандисиву геологии қитъаҳои хатарноки ҷумҳурӣ, зараррасонҳо ва зарари онҳо ба бахши кишоварзӣ мавзуъҳое буданд, ки дар ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба хатари офатҳои табиӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷаласаи мазкур имрӯз, 24 октябри соли 2018 таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода ва бо иштироки роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои кишвар, сарварон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин масъалаҳои татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтор ва тартиби амали Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода» дар вазорату идораҳои кишвар баррасӣ шуданд.
Дар ҳамоиш ба ширкаткунандагони ҷаласа дар бораи пажӯҳишҳо ва корҳои илмӣ-амалӣ оид ба сохтмонҳои рӯизаминӣ, татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2018-2030 маълумот манзур гардид.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






