Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ оғоз кард

Октябрь 12, 2018 12:10

ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори  худ оғоз кард.

Хабарнигори АМИТ«Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз макони баргузории ҷаласа- Бӯстонсарои ҳукуматии «Кохи Сомон» хабар медиҳад, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ифтитоҳ гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони ҷаласаро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҷаласа дар сатҳи баланд баргузор хоҳад гашт.

Қоҳир Расулзода, аз ҷумла иброз дошт, ки  «тайи солҳои охир миёни мо барои ҳалли мушкилоти иқтисодии минтақа ва ҷаҳон таҷрибаи хуби мубодилаи афкор дар фазои дӯстӣ ва созандагӣ сурат мегирад. Дар ин росто дар доираи СҲШ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ мешаванд. Умедворам, ки имрӯз мо ин самтро идома дода, таваҷҷуҳи худро барои баланд бардоштани самаранокии кори созмон ба самти иқтисодиёт равона хоҳем кард».

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев,  Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Роҳбарони ҳайатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷараёни татбиқи Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, кори Шўрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ карда, як зумра қарорҳоро дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти созмон, аз ҷумла тасдиқ намудани буҷаи он барои соли 2019 ва Изҳороти муштарак қабул мекунанд.

Сипас ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳои давлатҳои нозир ва шарик дар муколамаи СҲШ сурат мегирад.

Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ба ҳайси нозир иштирок доранд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро зиёда аз 500 нафар рўзноманигорони дохилию хориҷӣ инъикос мекунанд.

Октябрь 12, 2018 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд