Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои СҲШ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бӯстонсарои ҳукуматии “Кохи Сомон” дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ оғоз мекунад.
Пеш аз оғози ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазиранд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Пайрави ҚОСИМ аз макони баргузории ҷаласа хабар медиҳад, ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир мегардад.
Барои иштирок дар ин ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии даъватшуда ба Душанбе ташриф овардаанд.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯро масоили рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар доираи СҲШ дар бар мегирад.
Роҳбарони ҳайатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рафти татбиқи Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, кори Шўрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ мекунанд.
Роҳбарони ҳукуматҳо (сарвазирон) як қатор қарорҳоро дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти созмон, аз ҷумла тасдиқ намудани буҷаи он барои соли 2019 ва Изҳороти муштарак қабул мекунанд.
Сипас ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳои давлатҳои нозир ва шарик дар муколамаи СҲШ сурат мегирад.
Раёсат дар Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) соле як маротиба барои муҳокимаи стратегияи ҳамкории бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ, ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмарраи ҳамкории иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкорӣ, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд.
Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимӣ мебошад, ки 15 июни соли 2001 дар Шанхай (Чин) дар бораи таъсиси он аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дода шуд. Механизми қаблии он “Панҷгонаи Шанхай” мебошад.
Моҳи июни соли 2002 дар саммити сарони давлатҳои аъзои СҲШ – Хартияи СҲШ имзо шуд, ки ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон маҳсуб меёбад.
8-9 июни соли 2017 дар ҷаласаи таърихии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Остона Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти СҲШ пазируфта шуданд.
Чор давлат- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Муғулистон дар СҲШ ба ҳайси нозир мебошанд.
Шаш кишвар-Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Салтанати Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка шарикон оид ба муколама дар СҲШ маҳсуб меёбанд.








Масоили тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Шараф Шерализода дар Барселона бо намояндагони ниҳодҳои Испания мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба нақлиёт ва коммуникатсия мулоқот намуд
Дар Шуша ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ баргузор гардид
Зарурати тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва иёлоти Ютаи Амрико таъкид шуд
Дар Вена «Устувонаи Куруши Кабир» муаррифӣ гардид
Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуд
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Кантслери Австрия оид ба корҳои хориҷӣ мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ гардид
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок






