Дар Душанбе ба гиромидошти хотираи шоири бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ ва навозанда Наҷмиддини Кавкабӣ ҷамъомад баргузор гардид

Октябрь 31, 2018 13:40

ДУШАНБЕ, 31.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таҷлили 400-солагии шоири бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ ва 550- солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш олимону донишмандон, кормандони кумита ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳузур доштанд.

Муовини аввали раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Қурбонзода иброз дошт, ки соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони фарҳангии ЮНЕСКО 400-солагии шоири бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ ва 550-солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ дар сатҳи олӣ таҷлил мегарданд.

«Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, мавлуди ходимони давлатӣ, адибон ва аҳли зиё дар гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ташаккули ҳофизаи таърихӣ нақш ва мавқеи муҳим дошта, то кунун дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ, хотирмону ҷолиб ва пурсамар ҷашн гирифта мешаванд»,- афзуд Бег Қурбонзода.

Зикр гардид, ки иқдоми мазкур бо мақсади эҳёи мероси бузурги илмию таърихӣ, тарғиби арзишҳои умумибашарии фарҳанги тоҷикон ва тамаддуни мардумони Шарқи Миёнаю Наздик, тарбияи маънавӣ, таҳкими равобити сиёсию фарҳангӣ дар марҳилаи нави таърихӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҷараёни ҷамъомад мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон професор Аскаралӣ Раҷабов иброз дошт, ки ин ҷашнҳо дар омӯзиш, тарғиб ва густариши фарҳанг дар сатҳи байналмилалӣ ба марҳилаи сифатан нав оғоз мебахшанд. Зеро Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ аз барҷастатарин чеҳраҳоест, ки бо номаш саҳифаи рангин ва ибратомӯзи шеър ва мусиқии классикии тоҷик алоқаманд аст.

«То Наҷмиддини Кавкабӣ доир ба масоили мусиқии классикӣ, махсусан санъати мақом рисолаҳои зиёд навишта буданд, лекин бори аввал бо кӯшиши ӯ куллиёти шеърии мақом, аз ҷумла «Дувоздаҳмақом» тартиб дода шуд. Ин иқдоми Кавкабӣ минбаъд барои таҳияи матни назмиёти «Шашмақом» заминаи устувор гузошта, берун аз ҳавзаҳои Мовароуннаҳру Хуросон низ густариш ёфт. Ӯ мактаби классикии мусиқӣ, аз ҷумла, анъанаи эҷод, иҷро ва таҳқиқи «Дувоздаҳмақом» — ро дар шакли нав идома дод»,-зикр намуд Аскаралӣ Раҷабов.

Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои филология Саидмуроди Хоҷазод изҳор дошт, ки Сайидои Насафӣ яке аз чеҳраҳои бузурги адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XVII мебошад, ки на танҳо дар ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр, балки дар Хуросон ва Ҳинд эътибори шоистае дошт. Дар таърихи адабиёт ва фарҳанг номбурда яке аз муаллифони жанри шаҳрошӯб ба шумор меравад.

«Шаҳрошӯб жанрест, ки дар он намояндагони ҳунар ва пешаҳои гуногун ситоиш мешаванд. Аввалин шоире, ки дар ин жанр зиёд қаламфарсоӣ кардааст, Сайфии Бухороӣ мебошад. Номбурда дар васфи косибон девони ғазалиёти ҳунармандӣ тартиб дода буд, лекин Сайидо ин жанрро ба пояи баландтар бардошта, намунаи такмилёфтаи онро ба миён овард. Дар «Шаҳрошӯб» — и Сайидо зиёда аз 226 навъи касб ва ҳунари мардумӣ сифат шудаанд».

Мавриди зикр аст, ки Сайидои Насафӣ аз ҷавонӣ ба шеър гуфтан оғоз карда, дар муддати кӯтоҳ дар Бухоро ва атрофи он ҳамчун шоири тавоно машҳур гардидааст. Мероси адабии шоир, ки дар шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то ба имрӯз расидааст, аз ғазал, қасида, маснавӣ, мусаддас, мухаммас, рубоӣ, қитъа, асари тамсили баҳориёт, шаҳрошӯб ва ғайра иборат будаанд, ки тақрибан 8 ҳазору 500 байтро дар бар мегирад.

Осори Сайидо Насафӣ дар шаклҳои дилчасп, бо забони ноби тоҷикӣ ва оммафаҳм суруда шуда, бахусус бо инъикоси рӯйдодҳои рӯзгори худ ҷолиб аст. Ашъори ӯ ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт буданаш миёни мардум интишор ёфта, мавриди таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқ ва тазкиранигорон қарор гирифта буд.

Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, зикр гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳо имкон медиҳад мардуми тоҷик аз таърихи пурғановат ва шахсиятҳои барҷастаи миллати хеш бохабар гарданд.

Октябрь 31, 2018 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт