Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон-созандагони Ватан» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон — созандагони Ватан» оғоз гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Фестивал – озмун роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдори мамлакат ширкат варзида, бо кори довталабони озмун шинос шуданд. Дар озмуни мазкур зиёда аз 450 нафар наврасону ҷавонони навовару ихтироъкор аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат варзиданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба довталабони озмун барору комёбӣ хоста, изҳор дошт, ки фестивал-озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ ва ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбатдошта доир мегардад.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода зикр намуд, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳаи илму техника равнақ ёфта, кашфиёт дар истеҳсолот рӯз аз рӯз вусъат меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки ихтирооти аз ҷониби довталабон пешниҳодгардида ба самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ мансубанд.
Зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» яке аз иштирокдорони фаъоли озмун, хонандаи Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Восеъ Комрон Табаров иброз дошт, ки озмуни мазкур имкон медиҳад наврасону ҷавононе, ки қобилияти навоварию эҷодкорӣ доранд, ҳунару маҳорати худро нишон дода, ихтирооти худро, ки дар рушду инкишоф ва самаранокии кишоварзӣ, пешрафти иқтисодиву иқтидори мамлакат истифода мегарданд, манзур созанд.
Мавриди зикр аст, ки Фестивал-озмуни мазкур рӯзҳои 12 ва 13 октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, иштирокчиён ва ғолибони он бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда мешаванд.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






