Дар Душанбе китоби «Асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ВАО дар соҳаи муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 27.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «ЭР-Граф»-и Душанбе китоби «Асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо воситаҳои ахбори омма дар соҳаи муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро аз чоп баровард.
Китоби мазкур, ки бо забони русӣ нашр шудааст, ба қалами Файзалӣ Шарифзода ва Муҳриддин Амруддинзода тааллуқ дорад.
Муаллифон масъалаҳои мубрами ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо воситаҳои ахбори омма дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткориро баррасӣ ва оид ба такмили ин ҳамкорӣ тавсияҳо пешниҳод кардаанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар китоб аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ташаккули андешаҳои ҷомеа нишон дода шуда, амалияи тавзеҳи фаъолияти милитсия аз тарафи воситаҳои ахбори омма таҳлил карда шудааст.
Китоби мазкур барои донишҷӯён, аспирантон (адъюнктон), шунавандагон, курсантон, омӯзгорон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ВАО, инчунин доираи васеи хонандагон таҳия шудааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






