Дар Душанбе Конференсияи миллӣ таҳти унвони «Раванди реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ва нақши диаспораҳо ҳамчун шарикони рушд» баргузор мегардад

Октябрь 15, 2018 10:28

ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 16 октябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» Конференсияи миллӣ таҳти унвони  «Раванди реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ва нақши диаспораҳо ҳамчун шарикони рушд» баргузор мегардад. Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ,  молия,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дигар сохторҳои марбута ва  намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон  аз  Федератсияи Россия  ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон иштирок менамоянд.

Тавре масъулини Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, алҳол дар  ҳудуди Федератсияи Россия 48 ташкилоти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон,  дар Қазоқистон  8    ва  дар Қирғизистон  1 ташкилоти ҷамъиятӣ   фаъолият дошта,  онҳо  дар  ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.

Октябрь 15, 2018 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст