Дар Душанбе Конфронси байниминтақавӣ дар мавзӯи тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ баргузор мегардад

Октябрь 2, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 02.10.2018. /АМИТ «ХОВАР»/. Пагоҳ, 3 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи барномаҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат Конфронси байниминтақавӣ дар мавзӯи «Тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ. Камчинии меҳнати шоиста ва риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ» баргузор мегардад.

Тавре раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд,  дар кори конфронс роҳбарону кормандони масъули вазорату идораҳои Тоҷикистон,  ташкилоти иттифоқҳои касабаи  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок менамоянд.

Ба иттилои номбурда, дар ҷараёни конфронс иштирокчиён атрофи масъалаҳои марбут ба тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ва камчинии меҳнати шоиста, инчунин риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ андешаронӣ менамоянд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагии аҳолӣ моҳи апрели соли равон Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ба имзо расид.

Зикр шуд, ки ба тасвибрасии ин ҳуҷҷати муҳим барои пайваста густариш ёфтани ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар бобати танзиму рушди муносибатҳои меҳнатӣ, ки кафили беҳдошти вазъи зисти мардум мегарданд, мусоидат менамояд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта корро оид ба амалӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии меҳнатии байналмилалӣ дар қонунгузории миллӣ  оғоз намуда буд. Ба ҳолати имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнатро, ки 8-тои он асосӣ мебошанд, мавриди амал қарор додааст. Дар баробари ин аз ҷониби Тоҷикистон конвенсияҳои №122, «Дар бораи сиёсат дар самти шуғл» ва №142 «Оид ба рушди захираҳои аҳолӣ», ки ба шуғли аҳолӣ дахл мекунанд, амалӣ шуданд»,-гуфт раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим.

Октябрь 2, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд