Дар Душанбе коргардонҳои шинохта бо намояндагони ВАО мулоқот намуданд

Октябрь 20, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Коргардонҳои шинохтаи кино Маргарита Қосимова, Асиф Рустамов, Темир Бирназаров ва муҳаққиқи соҳаи кино Ҳушанг Гулмаконӣ дар “Муассисаи Давлатии Академияи ВАО”-и Тоҷикистон  бо кормандони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон  мулоқот анҷом доданд.

Аз Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мулоқот дар доираи баргузории Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  доир гардида, дар он коргардонҳои маъруф таассуроти худро доир ба ин фестивал баён доштанд. Ҳамзамон атрофи вазъи кино дар Тоҷикистон, ташаккули он ва баланд бардоштани маҳорати касбии филмофарони тоҷик ибрози назар карда шуд.

Зикр гардид, ки кинои тоҷик сол аз сол рушду такомул ёфта, дар маҳорат ва касбияти филмофарии ҳунармандони тоҷик комёбиҳо ба назар мерасанд.

То ҷое мусаллам аст, тӯли чанд рӯз мешавад, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе кинофестивали  «Дидор» идома дошта, ҳадафаш рушди бахши кино ва тавсеаи ҳамкории филмофарони тоҷик бо ҳамкасбони хориҷии худ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки  8-умин  Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  16 октябр дар шаҳри Душанбе  дар «Хонаи кино» оғоз гардида, дар доираи он  беш  аз 60 филми гуногунҳаҷм ба намоиш гузошта шуданд. Кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар зарфи 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Кинофестивали 8-уми  байналмилалии «Дидор» имрӯз, 20 октябр ба анҷом мерасад.

 

Октябрь 20, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад