Дар Душанбе зимни конфронси байниминтақавӣ тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмиро баррасӣ мекунанд

Октябрь 3, 2018 14:10

ДУШАНБЕ, 03.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байниминтақавӣ дар мавзӯи «Тадбирҳо оид ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ. Камчинии меҳнати шоиста ва риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмӣ» ба кори худ оғоз намуд. Конфронс бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи барномаҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат ташкил гардида, дар он роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Гурҷистон иштирок доранд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, мушовири калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва алоқа бо ҷомеа Муҳаммад Сафолзода, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба фаъолияти меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат Сергейус Гловаискас  ва дигарон сухан гуфтанд.  Мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба фаъолияти меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат Сергейус Гловаискас барои ҳамкории самарабахш ба  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим Ифтихорнома супорид.

Оид ба фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ва нақшаҳои минбаъда Қодири Қосим иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи дарозмуҳлати  муҳими иқтисодии давлатӣ-Стратегияи  рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Дар ҳуҷҷати мазкур тадбирҳо оид ба бештар намудани дараҷаи шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат нишон дода шудаанд.

Зикр гардид, ки ҷалби пурраи аҳолӣ ба меҳнат пешравии бемайлони иқтисодиёти ҷумҳурӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, хифзи ҳуқуқ ва кафолати меҳнатии кормандонро таъмин менамояд ва омили муҳими баланд гаштани сатҳи зисти мардуми ҷумҳурӣ мегардад.

Ҳоло дар бозори меҳнати кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат 5 миллиону 300 ҳазор  ва шумораи бекорон 54 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  Тибқи Стратегияи  рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи аҳолии ба меҳнат шуғлдошта то 70 фоиз зиёд карда мешавад. Ин пешрафт маҳз туфайли тавлиди ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ба амал бароварда мешавад.

Ду сол қабл дар ҷумҳурӣ бо кумаки техникии Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар ҳамкорӣ бо Агентии омор бо мақсади омӯзиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронда шуд. Тавре маълум гардид, таносуби дараҷаи шуғли ғайрирасмӣ соли 2009 аз 53 фоиз ба 29,4 фоизи соли 2016 байни аҳолӣ бидуни соҳаи кишоварзӣ коҳиш дода шуд.

Конфронс ду рӯз идома ёфта, иштирокдорон масъалаҳои марбут ба коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ва камчинии меҳнати шоиста, инчунин риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар иқтисодиёти ғайрирасмиро баррасӣ менамоянд.

Октябрь 3, 2018 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд