Дар Фестивали байналмилалии «Диёри ҳусн» коллексияи либосҳои тарроҳи тоҷик зуд харидор пайдо кард
ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» 12-умин Фестивали анъанавии байналмилалии ҳунар ва мӯд «Диёри ҳусн» оғоз гардид, ки дар он косибон ва ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон маҳсулоти дастии худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Раиси Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон — «Ҳафт пайкар» ва Ассотсиатсияи косибони Осиёи Марказӣ, ҳунарманд ва тарроҳи маъруфи тоҷик Мукаррама Қаюмова зимни ифтитоҳи фестивал ҳунармандони кишварҳои хориҷиро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамакдам гуфта, аз имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи ҳунармандӣ фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин восита муаррифии шоистаи мамлакат ба ҷаҳониён зиёда аз 100 намуди ҳунарҳоро аз андоз озод намуд. Маҳз таваҷҷуҳи пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ буд, ки тайи солҳои охир мардум ба пӯшидани либосҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, хусусан истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, баргузории силсилаи чорабиниҳои гуногун, намоиши ҳунари волои косибону тарроҳони тоҷик ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ рӯ оварданд. Ҳадафи аслии фестивал роҳандозӣ намудани либоси миллӣ ва сифати тоза бахшидан ба анвои гуногуни матоъҳои миллӣ мебошад.
Дар фестивал, ки мақсади он таваҷҷуҳ ба омӯзиши амиқи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати косибии халқиятҳои гуногуни ҷаҳон аст, гӯшаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо ороиши санъати миллиии онҳо ташкил гардида буд.
Гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулоти гуногуни ороишӣ, аз қабили атласу шоҳӣ ороишу санъати чакандӯзию алочабофӣ, гулбасту адрасбофӣ, аз сангҳои қиматбаҳо ва заргарӣ, кордҳои наққошишуда, асбобҳои рӯзгор аз чӯбу сафол ва зарфҳои кулолӣ бо нақшу нигори миллӣ, гарданбанду ҷузвдон ва ҳамёнҳо аз адрасу атлас, тоқиву либоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва армуғонҳо зеб доданд.
Гӯшаи Ӯзбекистонро намунаҳои адрасу атласҳо, тоқиву либосҳои миллӣ ва армуғонҳо ташкил доданд. Ҳунарманд аз шаҳри Самарқанд Шоира Ғаниева куртаҳо, рӯймолҳо ва тоқиҳоеро, ки бо ранги табиӣ гулкорӣ карда шудаанд, ба намоиш гузошта буд. Ин зани ҳунарманд бо истифодаи қолабҳои махсус матоъҳои пахтагинро оро додааст, ки хеле ҷолиб буд. Ба нақли номбурда, рангҳое, ки барои оро додан истифода мешаванд, аз растанӣ, пӯсти меваву решаҳои дарахтон таҳия мешаванд. Холаи Шоира ин ҳунарро аз аҷдодон омӯхта, ба фарзандону наберагон ҳам омӯхтааст ва дар Тоҷикистон низ шогирдони зиёд дорад.
Ба андешаи ин ҳунарманд, таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати давлати Тоҷикистон ба рушди ҳунармандӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат кунад, аз тарафи дигар Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ мекунад.
Ҳунармандон аз давлати Афғонистон, Гадомуҳаммад, Ҳумоюн, Ашраф, Зарина ва Ҷалол мегӯянд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо пешравиҳо дида мешаванд. «Мо, бародарони мардуми тоҷик аз тамоми дастовардҳои Тоҷикистон истиқбол мекунем. Аз эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ҳунармандони афғон хеле хушҳол шуданд. Зеро ҳунар сарҳад надорад ва мо имкон пайдо кардем, ки маҳсули дастии худро дар намоишгоҳҳои ҳунармандии Тоҷикистони ҳамсоя ба маъраз гузорем»,- иброз доштанд ҳунармандон.
Дар доираи фестивал либосҳои миллии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон намоиш дода шуданд. Тоҷикистонро коллексияи либосҳои миллии омоданамудаи тарроҳи маъруфи тоҷик Саидҷалол Махсумов муаррифӣ намуд.
Коллексияи либосҳои ин тарроҳ бо дӯхту тарҳи мухталиф аз матои атласу адрас ва чакан пешниҳоди дӯстдорони либоси замонавӣ гардида, зуд харидори худро пайдо кард.
Тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов гуфт, ки чанд соли охир талабот ба атласу чакан зиёд шудааст ва мо кӯшиш мекунем коллексияи худро, ки аз атласҳои сифати олӣ иборат аст, пешкаши ҷаҳониён гардонем.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин намоишу мулоқот на танҳо инъикоси ороиши либосҳои замонавӣ, балки бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари воло ва истеъдоди занону бонувони тоҷик аст.
Фестивал ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, ду рӯз идома меёбад.


















Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






