Дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Октябрь 16, 2018 11:05

ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои муосири иқтисодӣ», ки дирӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди Рӯзи соҳибкорон доир гардид,  13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ба имзо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди Рӯзи соҳибкорон таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 баъд аз нимаи рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаш панели алоҳида идома ёфт. Дар доираи он суҳбату вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид. Дар хатми Форум модераторони панелҳо оид ба кори гурӯҳҳо гузориш доданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  кори панелҳоро натиҷагирӣ намуд.  Изҳороти Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018  қабул карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор гардида, он сармоягузорону соҳибкорони зиёдеро аз тамоми гӯшаю канори олам ба ҳам меорад. Форуми мазкур дар рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муаррифии шоистаи молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад.

Октябрь 16, 2018 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд