Дар Хуҷанд Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Суғд-2018» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Суғд-2018» баргузор мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Анҷумани мазкур бахшида ба 10-солагии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳо ва имкониятҳои нав» доир мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ташкилкунандагони Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Суғд-2018» Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» буда, дар он дастовардҳои кунунӣ ва густариши фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.
Дар назар аст, ки иштирокчиёни Анҷуман масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои минтақаро муҳокима намоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






