Дар Хуросон 72 нафарро бинобар риоя накардани қоидаҳои бехдоштӣ ҷарима намуданд
ХУРОСОН, 13.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон дар 480 муассисаи гуногуни ноҳия назорати санитарӣ гузарониданд. Зимни санҷиш нисбат ба 72 нафар кормандоне, ки қоидаҳои санитарию эпидемиологиро вайрон кардаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 6200 сомонӣ ҷарима намуданд. Миёни 72 нафаре, ки қоидаҳои санитариро вайрон кардаанд, як нафар духтури дандон ва як нафар сартарош мебошад.
Мавриди зикр аст, ки соли равон дар ноҳияи Хуросон фаъолияти 40 адад иншооти гуногун бо сабабҳои ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан муваққатан боздошта шуд. Миёни ин муассисаҳо як ҳуҷраи стоматологӣ, як сартарошхона ва 11 адад бунгоҳҳои саломатии деҳот мавҷуд мебошанд.
Тибқи иттилои директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон Низомиддин Бобоев, пас аз бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ гардонидани муассисаҳо ба фаъолияти 11 адад бунгоҳи саломатӣ иҷозат дода шуд.
Дар ноҳияи Хуросон айни замон 8 адад сартарошхона ва як адад маркази стоматологӣ дар хизмати мардум қарор доранд. Соли равон табибони дандонпизишки маркази стоматологии ноҳия ба 1643 нафар хизмат расонидаанд.
Директори маркази стоматологӣ Рустам Тағойалиев гуфт, ки « дар нуҳ моҳи соли 2018 барои ба беморон дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба маблағи 6000 сомонӣ доруҳои босифат ва бо 10 500 сомонӣ таҷҳизоти замонавӣ харида шуд. Мо нақша дорем, ки давоми сол бо дастгирии Вазорати тандурустӣ як таҷҳизоти нав (автоклав) харидорӣ намуда, беморонро тавассути дастгоҳҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯ муолиҷа намоем».








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






