ДАР МАВҶ — «РАДИОИ КӮЛОБ». Ба шумори ВАО-и мамлакат боз як ташкилоти нави радиошунавонии минтақавӣ зам гардид

Октябрь 16, 2018 09:47

ДУШАНБЕ, 16.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб расонаи нави иттилоотии  минтақавӣ —  «Радиои Кӯлоб» ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни рӯи мавҷ баромадани «Радиои Кӯлоб» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва дигар масъулини соҳа иштирок намуда, ба аҳли эҷоди ин муассисаи нав барору комёбӣ орзу намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода баён дошт, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар фазои иттилоотии  Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар баробари дигар воситаҳои ахбори омма радио низ рушд карда, дар ҷумҳурӣ шумораи радиоҳои давлатӣ ва мустақил зиёд гардид.

«Дар ҳақиқат радио дар замони муосир яке аз воситаҳои муҳими расонидани иттилоот  ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад»,- иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъкид намуд, ки аз ин пас сокинони минтақаи Кӯлоб метавонанд аз хизмати ин радио ҳамаҷонибаю босамар истифода намоянд.

Дар баробари ин даъват намуд, ки ба кори радио, қабл аз ҳама, хабарнигорони варзида ва хатмкардагони факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷалб карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 76 ташкилоти телевизионӣ  ва радиоӣ, аз ҷумла, 13 телевизиони давлатӣ, 32 телевизиони ғайридавлатӣ, 10 радиои давлатӣ ва 21 радиои ғайридавлатӣ фаъолият доранд.

 

Октябрь 16, 2018 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад