Дар Норак ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ мулоқот доир гардид
НОРАК, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 аз ҷониби гурўҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаи Лангар бо ҷавонону фаъолон ва падару модарон мулоқот баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Муҳаббат Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, масъулин ба сокинон роҷеъ ба омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, вазъи таълими ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, изҳори пушаймонии нафароне, ки дар ҷангҳои Ховари миёна иштирок кардаанд, ҳамчунин дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдату якдилӣ, иҷрои корҳои ободонию созандагӣ дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон сухан гуфтанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






