Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Туркманистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Туркманистон доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Туркманистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шомурадов ва дигар намояндагони аҳли илму фарҳанги ду кишвари дӯст иштирок намуда, доир ба робитаҳои мутақобилан судманди фарҳангии Тоҷикистон ва Туркманистон ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, ду мардумро анъанаҳо ва муштаракоти фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Хусусан робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатии кишварҳо дар партави сиёсати фарҳангии роҳбарони баландпояи ду давлат — Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов беш аз пеш густариш меёбанд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон шаҳодати ин гуфтаҳост.
Бояд тазаккур дод, ки намоиши маҳсули дасти ҳунармандони Туркманистон, ки имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шуд, бозгӯи густариши робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии санъати ҳунармандони чирадасти Туркманистон ба мардуми тоҷик мебошад, Дар намоишгоҳ ҳунари қишрҳои фарҳангии Туркманистон, назири заргарӣ, хаттотӣ, кордсозӣ, колинбофӣ, созҳои мусиқӣ, кулолгарӣ, таомҳои миллӣ, санъати тасвирӣ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои дастии мардуми туркман ба намоиш гузошта шуда буданд.
Зафар Иброҳимзода, муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ташкили намоиши маҳсули ҳунармандони Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷанбаи муҳими фарҳангӣ дорад, зеро ба ин восита мардуми тоҷик бо ҳунар ва фарҳанги мардуми туркман аз наздик ошно мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар радифи ҳунарҳои минтақаҳои гуногуни Туркманистон дар намоишгоҳ ҳамзамон юртаи туркманӣ гузошта шуда буд, ки бо ороиши хосааш таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард.
Мусаллам аст, ки ҳайати фарҳангии 350 –нафараи Туркманистон 14 октябр таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шомурадов ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои марбут ба баргузории Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон омаданд.
Интизор меравад, ки имрӯз дар Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоишномаи «Гулпам» -и Театри давлатии мусиқӣ –драмавии ба номи С. Сейдии вилояти Лебапи Туркманистон намоиш дода шавад. Ҳамзамон шоми имрӯз дар муҷтамаи давлати «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе устодони санъати Туркманистон бо барномаи ҷолиби консертӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тавсеаи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Туркманистон ва таҳкими дӯстиву рафоқат нақши муассир хоҳад гузошт.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»















Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт






