Дар шаҳри Москва Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон ҷараён дорад

Октябрь 31, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 29 октябр дар шаҳри Москва аввалин Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон ҷараён дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум 10 нафар ҷавонони фаъол намояндагӣ мекунанд.

Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода аз шаҳри Москва ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар рӯзи аввали Форум меҳмонон аз мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Масква дидан намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон зикр шуд, ки баргузории чунин форум муносибати ҷавононро қавитар намуда, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳо заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, форуми мазкур то 4 ноябр идома ёфта, имконият медиҳад, ки ҷавонони ду давлат бо расму оин ва фарҳанги ҳамдигар аз наздик шинос шаванд.

Дар чаҳорчӯбаи форум иштирокчиён бо намояндагони баландпояи Федератсияи Россия: Москва ва Владикавказ ошно шуда, сиёсати ҷавонон ва ҳамкории дуҷонибаи Россияву Тоҷикистонро дар самти ҷавонон баррасӣ менамоянд.

 

Октябрь 31, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд