Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкории судманд бо Созмони Милали Муттаҳид мавқеи муҳим ишғол менамояд. Ба Рӯзи ҷаҳонии ин Созмон бахшида мешавад

Октябрь 24, 2018 11:58

ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 24 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардааст. Худи ташкилот – СММ соли 1945, баъд аз анҷом ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба хотири пойдории сулҳ дар кишварҳои ҷаҳон ва таъмини амният дар сайёраи Замин таъсис дода шудааст.

Оид ба нақши Созмони Милали Муттаҳид сиёсатмадорону коршиносон ақидаҳои гуногун изҳор кардаанд, ки маъмултарини он чунин маъно дорад: «СММ барои он таъсис дода шудааст, ки моро аз дӯзах наҷот диҳад, на барои ин ки моро ба биҳишт барад» (сухани Генри Кейбот Лодок). Дар тақвияти ин сухан вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавров низ гуфта буд: «СММ на барои он таъсис дода шудааст, ки дар рӯи замин биҳишт созад, балки барои он таъсис дода шудааст, ки инсоният худро дар дӯзах набинад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ пазируфта шуда, инак 26 сол аст ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои нек, созанда ва инсондӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат ва сокинони куҳанбунёди он ба ҷаҳониён паём медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Миллати Муттаҳид суханронӣ карданд ва аз ҳамон маърӯзаи таърихӣ то ба имрӯз ҳамеша диққати аҳли сайёраро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷалб намудаанд.

Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи сентябри соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муносибати 70-солагии таъсиси СММ баргузор гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши СММ баҳои баланд доданд: «Ҳафтод сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи ҳифзи сулҳу амният, инкишофи ҳамкории байналмилалӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар, таҳкими субот, рушди устувор ва коҳиши камбизоативу нобаробарӣ кори зиёдеро анҷом додааст».

Сарвари давлат ҳамчунин саҳми хосаи Созмони Милали Муттаҳидро дар пуштибонӣ аз равандҳои ташаккули давлатҳои нави мустақил ва рушди минбаъдаи онҳо чунин баҳогузорӣ карданд: «Тоҷикистон низ, ки дар оғози истиқлоли хеш бо мушкилоту душвориҳои давраи гузариш рӯ ба рӯ гашта буд, пуштибонии фарогири Созмони Милалро эҳсос кард, ки ба шарофати он кишвар дилпурона ба ҷодаи рушди демократӣ қадам ниҳод». Дар баробари ҳамин Пешвои тоҷикони ҷаҳон аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ, инчунин дар пешбарии Рӯзномаи Созмон дар масоили об ёдовар шуда, зикр намуданд: «Неруҳои полисии мо дар амалиёти сулҳофарии Созмони Милал ва Иттиҳоди Африқо дар Дарфур бо ҳамкорони худ аз дигар кишварҳои аъзо ширкат варзида, дар раванди бунёди сулҳ саҳм мегиранд. Агентии назорати маводи нашъаовар, ки бо мусоидати Созмони Милал ташкил шудааст, дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши муҳим дорад. Аз соли 1995 то алҳол сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мо 111 тонна маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки он аз 206 миллиону 650 ҳазор воя иборат буда, метавонист 50 миллион нафар сокинони сайёраро нашъаманд созад».

Дар он суханронӣ Сардори давлат аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки  терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карданд ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро вазифаи аввалиндараҷаи давлатҳои узви СММ номиданд.

Яке аз хусусиятҳои хоси маърӯзаҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар минбарҳои СММ ин аст, ки ҳамеша мушкилоти Афғонистонро барои муҳокимаи ҷаҳониён пешбарӣ мекунанд. Ягон роҳбари дигари кишварҳо ба мисли Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти Афғонистону сокинони он бештару беҳтар сухан нагуфтааст. Аз ҷумла, дар ҷаласа бахшида ба 70-солагии таъсиси СММ чунин зикр карданд: «Тоҷикистон ҷонибдори вусъати муносиботи дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ бо Афғонистон аст ва аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки кӯшишҳои Ҳукумати ин кишварро дастгирӣ карда, ба сулҳу низом дар мамлакат, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, идомаи раванди мусолиҳаи миллӣ ва музокирот, инчунин ба ҷалби кишвар ба ҳамкории минтақавӣ мусоидат намояд. Тоҷикистон аз ҷониби хеш дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ин кишвари ҳамсоя мисли пештара саҳм хоҳад гирифт».

Дар рӯзи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид месазад, ки бори дигар аз ташаббусҳои глобалии роҳбарияти олии Тоҷикистон дар масоили об ва захираҳои обӣ ёдовар шуд, зеро ҳама ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди эълон намудани соли 2003 – Соли байналмилалии об, солҳои 2005- 2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» аз тарафи СММ аз ҳамовозӣ ва дастгирии самимӣ бархурдор шудаанд. Чунин ҳамгироӣ ва дастгирӣ аз эҳтиром ва нуфузи баланди Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.

Сафари расмии Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзҳои 11-12 июни соли 2017 дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистон ва СММ бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Зимни ин сафари расмӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш баргузор гардид. Дар он мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо СММ давоми 25 соли охир, нақши СММ дар таҳкими сулҳу субот, рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Зикр карда шуд, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ дар асоси вазифаҳои расидан ба ҳадафҳои рӯзномаи нави ҷаҳонӣ то соли 2030 таҳия гардидааст.

Антониу Гутерриш дар доираи сафари расмӣ аз кӯли Сарез – яке аз манбаъҳои бузургтарини оби ошомиданӣ дар ҷаҳон боздид намуда, аз зебоиҳои нотакрори табиат ва кӯҳҳои Помир дар ҳайрат монд. Дабири кулли СММ Тоҷикистонро кишвари зеботарини ҷаҳон баҳогузорӣ кард ва гуфт: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпӯш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад.  Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».

Ҳангоми боздиди Антониу Гутерриш аз кӯли Сарез  пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд. Дабири кулли СММ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, иқдоми навбатии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро  дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  муҳим ва башардӯстона арзёбӣ кард.

Мулоқоти навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш 21 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню Йорки Америка дар маросими расмии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Антониу Гутерриш барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои марбут ба оби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид миннатдорӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об ва пешбарии Ҳадафи шашуми рушди устувори марбут ба он дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш нақши пешсафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масоили об, пешбурди муваффақомези рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва пешгирии ангезиши падидаҳои он дар минтақа ва фаротар аз он зикр намуд. Ҳамчунин Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш таъкид кард: «Ман нигаронии Шуморо дар бораи дурнамои вазъи Афғонистон, ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон дар мубориза алайҳи ҷангҷӯён, пешгирии терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон хуб дарк менамоям».

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди ҳамкории чорякасраи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ҳоло ҳам имконияту захираҳои истифоданашуда дар ин самт зиёд мебошанд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2018 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд