Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи ҷаҳонии дуруст истифода намудани антибиотикҳо» гузаронида мешавад

Октябрь 31, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба «Ҳафтаи ҷаҳонии дуруст истифода намудани антибиотикҳо», ки ҳамасола аз 12 то 18 ноябр гузаронида мешавад, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрию суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мешаванд.

 Зимни чунин як вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои хориҷӣ ба иштирокчиён  «Нақшаи миллии  амалҳо оид ба мубориза  бо устуворӣ ба доруҳои  зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»  муаррифӣ гардид.

Зикр шуд, ки нақшаи мазкур моҳи майи соли равон дар ҷумҳурӣ тасдиқ гардидааст.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Давлатзода иброз дошт,  баҳри кам намудани хатоиҳо ва тавсияи  нодурусти антибиотикҳо аз тарафи  мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва байторӣ соли равон Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ Нақшаи миллии мазкурро  тасдиқ намуданд.

Ба иттилои номбурда, баъди таҳлилҳое, ки    солҳои 2015 ва 2016 гузаронида шуданд, муайян гардид, ки истифодаи антибиотикҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва байторӣ барои табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ нодуруст тавсия дода мешуданд. Қабули нақшаи мазкур бо мақсади  дуруст истифода бурдани доруҳои зиддимикробӣ дар муассисаҳои тандурустӣ роҳандозӣ шудааст.

Бояд зикр намуд, ки  баргузории «Ҳафтаи ҷаҳонии дуруст истифода намудани антибиотикҳо» ба баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар сатҳи миллӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳаи тиб,   беҳтар намудани иқтидори озмоишгоҳӣ барои гирифтани маълумоти аълосифати микробиологӣ бо мақсади табобати беморон,   инчунин таъмин кардани дастрасии бемонеа ба доруҳои аълосифати зиддимикробӣ, таъмини дастрасии ҷомеа ба иттилооти дахлдори босифат оид ба доруҳои зиддимикробӣ ва истифодаи онҳо мусоидат менамояд.

Октябрь 31, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд