Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ҳайати 350-нафараи мутрибону раққосон ва овозхонҳои туркман ҷиҳати ҳунарнамоӣ дар Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон, ки 14-15 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд, ба Тоҷикистон ташриф оранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, 15 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати расмии фарҳангиёни Туркманистон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҳкими густариши робитаҳои фарҳангӣ бо мақсади рушди ҳамкории фарҳангии ду кишвар ва шинос намудани мардуми тоҷик бо санъат ва фарҳанги халқи туркман гузаронида мешаванд.
Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши драмаи «Гулпам»-и Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи С. Сейдии вилояти Лебапи Туркманистон дар назар аст. Ҳамзамон дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Туркманистон ва барномаи консертии устодони санъати ин кишвар доир мегардад.
Дар назар аст, ки як қисми ҳайати фарҳангиии Туркманистон ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сафар намуда, дар назди сокинони ноҳияи Дӯстӣ бо барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ намоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






