ДЕВАШТИЧ : Беш аз 110 000 тонна картошка истеҳсол намуданианд
ДУШАНБЕ, 11.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич тасмим гирифтаанд имсол 110 550 тонна картошка истеҳсол намоянд, ки ин нисбат ба соли гузашта 10 000 тонна зиёд мебошад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия, соли равон майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4 422 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 3257,7 гектарро картошказори хоҷагиҳои кишоварзӣ ва 1164,3 гектарро замини картошкаи аҳолӣ ташкил медиҳад. Майдони кишти картошка нисбат ба солҳои қаблӣ 647 гектар, аз ҷумла, 619 гектар аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзӣ ва боқимонда 28 гектар аз аҳолӣ зиёд гардидааст.
То имрӯз бештар аз 2000 гектар майдони картошкаи ҳоҷагиҳои кишоварзии ноҳия наздики 52000 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.
Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия барои васеъ намудани майдони картошка, баланд бардоштани ҳосилнокии он ва ба ин васила таъмини бозори дохилӣ бо картошкаи хушсифат аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки мардумро бо картошкаи босифати худӣ таъмин созанд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






