ДИҚҚАТ, МУЗОЯДА! Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аломати сабти давлатии силсилаи «JJ»-01 ва «DD»-07 ба фурӯш мегузорад

Октябрь 24, 2018 16:45

ДУШАНБЕ, 24.10.2018./АМИт «Ховар»/. 3 ноябри соли равон дар толори Раёсати Бозрасии автомобили Вазорати корҳои дохилдии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РБДА ВКД ҶТ) бо мақсади ба фурӯш гузоштани рақамҳои давлатии «зебо» музояда баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.

«Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 3 ноябри соли 2018 аломати сабти давлатии силсилаи «JJ»-01 ва «DD»-07 ба таври музояда фурӯхта мешаванд», — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

«Нархи як лот 630 сомонӣ аст», — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд  нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Акси рақамҳои «зебо» дар сомонаи ВКД ҶТ  нашр шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан БДА   аломатҳои сабти давлатии силсилаи «ВВ» — 07 ва «ЕМ» — 01 —ро ба фурӯш гузошта буд.

Октябрь 24, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад