Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паст шудани ҳарорати ҳаво аз бармаҳал омадани зимистон дарак медиҳад. Бояд гуфт, ки тирамоҳи имсола назар ба солҳои пешин сардтар буда, соҳаҳои иҷтимоиёти ҷумҳуриро зарур аст сари вақт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 омода шаванд.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019 донишгоҳ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Ҳоло тамоми биноҳои таълимии донишгоҳ ба шабакаҳои гармидиҳӣ таъмин буда, зиёда аз 1500 адад лампаи каммасраф ва ЭЛБ харидорӣ шудаанд.
Ҳамчунин роҳравҳои ошёнаҳои биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳо бо равшанӣ пурра таъмин шуда, шишабандии тирезаҳои Донишгоҳ дар назар аст. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани лағжиш дар фасли сармо 2 тона қуми бо намак омехта харидорӣ намудааст.
Бояд зикр кард, ки барои омадагии фасли сармо дар истгоҳҳои хурди барқии биноҳои таълимӣ корҳои профилактикӣ идома дошта, ҳамаи хатҳои барқӣ таъмир гардидаанд. 36 адад обравҳои шифтҳои атрофи биноҳои таълимӣ аз таъмир бароварда, ҳамаи шифтҳои 11 бинои таълимӣ аз назар гузаронида шуда, ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд.
Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки барои гарм нигоҳ доштани хонаҳои донишҷӯён хобгоҳҳои донишгоҳ бо печҳои барқӣ таъмин шудаанд.
Айни замон баъзе корҳои омодагӣ ба давраи зимистон идома дошта, дар кӯтоҳтарин муддат ба анҷом расонида мешаванд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






