Душанберо ба шаҳри сабзу хуррам табдил медиҳем! Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар пойтахт тасдиқ гардид

Октябрь 13, 2018 10:15

ДУШАНБЕ, 13.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи  чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар пойтахт дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади иҷрои банди 8  қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 сентябри соли 2018 роҳандозӣ  мегардад.

Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои  мазкур  тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин дар қарори мазкур омадааст, ки   корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ ва бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

Октябрь 13, 2018 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд