ДЗЮДО АВВАЛИН НАМУДИ ВАРЗИШИ РАЗМИСТ, КИ БА БАРНОМАИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ШОМИЛ ШУДААСТ. 28 октябр — Рӯзи байналмилалии ин навъи гӯштин

Октябрь 28, 2018 09:19

ДУШАНБЕ, 28.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 28 октябр ҳамчун рӯзи дзюдо таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана ба рӯзи таваллуди асосгузори дзюдо  Дзигаро Кaнo рост меояд. Ҷашни мазкур соли 2011 бо ташаббуси Федератсияи байналхалқии дзюдо эълон гардид.
Гӯштини дзюдо аввалин навъи варзиши размист, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бахшида ба ин рӯз мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат  аввалин маротиба соли 2008 медали биринҷӣ аз ин намуди  гӯштин ба хазинаи варзиши тоҷик ворид гардид. Барандаи ин медал варзишгари маъруфи кишвар Расул Боқиев ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, ҳаводорони ин навъи варзиш дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз зиёд гардида, баъдан Комроншоҳи Устопириён низ ба майдони варзиши тоҷик ворид гардида, ҳунари худро ба давлатҳои дунё муаррифӣ намуд ва ду карат қаҳрамони Осиё гардид.

Бунёдгузори гӯштини дзюдо дар Тоҷикистон Аҳтам Раҷабов ба шумор меравад.

Тавре Аҳтам Раҷабов зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, таъсиси дзюдо дар Тоҷикистон кори саҳл набуд. «Ҳар вақте ки мо кӯшиш мекардем дзюдоро ба пуррагӣ таъсис диҳем, мушкилие пеш меомад ва барои ҳалли ин мушкилиҳо мо то ба охир истодагарӣ мекардем»,- изҳор дошт мавсуф.

Ба гуфтаи Аҳтам Раҷабов,  23 феврали соли 1973 барои дзюдочиёни тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда ва таърихӣ мебошад. Зеро дар ин рӯз дар Тоҷикистон ба тамрини дзюдо оғоз карданд.

«Аксарияти мардум дар бораи дзюдо тасаввурот надоштанд ва мо ба воситаи расонаҳои тарғиботӣ, ба мисли рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизион ин навъи варзишро  ба омма шинос гардонидем»,- гуфт Аҳтам Раҷабов.

Ба зикри ин варзишгар, дар рӯзҳои аввали кор мушкилот зиёд буданд, ки яке аз онҳо надоштани толори тамрин буд.

«Дзюдочиён   тамринҳоро дар  толорҳои тамринкунии гӯштини самбо ва  тарзи озоду римӣ мегузарониданд. Инчунин таъсисдиҳандагон аз ҳисоби нарасидани мутахассисон танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона, бо  пешниҳоди сармураббии дастаи самбочиён дар ҳамон солҳо Исмат Абдуллоев то ҷое мушкилот бартараф гардид. Яъне аз ҳисоби самбочиён ва паҳлавонҳои гӯштини миллӣ мураббиён омода шуданд»,- гуфт мавсуф.

Бо заҳматҳову талошҳо саромадони гӯштини дзюдо тавонистанд, ки шогирдонро тарбия намоянд, аммо барои таъсис додани дастаҳо мебоист дар ноҳияҳову вилоятҳо варзишгаронро омода кард ва барои ин мо баъзе нафаронро вобаста кардем, то ба вилоятҳову ноҳияҳо барои тамрин додани завқмандон раванд, — мегӯяд Аҳтам Раҷабов.

Ҳамсуҳбати дигари мо Досталӣ Буриев  иброз медорад, ки ҳар вақте мо дохили ин ё он толори варзишӣ мешудем, ба худ ҳамеша як суол медодем, ки оё мо ҳам замоне соҳиби ҷои тамрини ҳамешагӣ мешуда бошем ё не? Хушбахтона, суоламон ҷавобашро ёфт.

Досталӣ Буриев иброз медорад, ки баъдан танқисии нарасидани ҷои тамрин то андозае  рафъ гардид, зеро Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ дар маҷмааи мактаби маҳорати оллии варзишӣ-Манежи ҳамонвақта барояшон ҷои тамрин ҷудо намуд.

Аҳтам Раҷабов чунин баён медорад, ки барои завқмандон омӯхтани гӯштини дзюдо мушкил набуд, зеро 80 фисади усулҳо ба гӯштини миллӣ шабоҳат дошт.

Саъдӣ Маҳдиев яке аз он нафароне мебошад, ки соли 1974 ба шаҳри Фиадосия барои бозомӯзии гӯштини дзюдо рафта буд ва ба омӯзиши ин навъ ҷиддӣ машғул шуд.

Ҳамин тариқ, дзюдо дар Тоҷикистон маъмул гашт ва дастаи яккачини Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин даста номи кишварро дар майдонҳои мусобиқоти байналмилалӣ муаррифӣ мекард.

Мавриди зикр аст, ки Аҳтам Раҷабов, Саидмумин Раҳимов, Тағойгелдӣ Ҳайдаров, Раҳмат Норматов ва Самад Абдулҳамидов ҳамчун устодони хизматнишондодаи дзюдо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ба гурӯҳи дзюдочиёни хизматнишондода дар ҳамон солҳо Хуршед Сафаров, Шамс Киромов, Қамар Киромов, Мутилло Мулабаев, Владимир Степанов, Маҳмадулло Абдуллоев, Худойназар Боқиев, Нурмаҳмад Норидов ва Нарзулло Каримов шомиланд.

Бояд зикр намуд, ки соли 1984 дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов сармураббии дастаи яккачин ва Раҳмат Норматов мураббии даста таъйин шуданд.

Баъд аз ин тағйирот дастаи дзюдочиёни занона ташкил гардид, ки дар он Шамъигул Зуҳурова, Аида Мудиева, Лола Шарипова, Сабоҳат Исмоилова, Елена Луенко, Елена Ворожикина, Сайлӣ Самолова ва дигарон шомил буда, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ  иштирок мекарданд.

Соли 1985 дар шаҳри Душанбе  Чемпионати Иттиҳоди шӯравӣ  миёни ҷавонони то вазни 71 кг гузаронида шуд ва дар ин мусобиқа ҷои аввал насиби Хуршед Сафаров гардид.

Нишони аввали спартакиадаро аз дастаи дзюдочиёни Тоҷикистон соли 1986 Мутилло Мулулбоев соҳиб гардидааст. Номбурда дар ин спартакиада сазовори нишони нуқра гардида буд. Худи ҳамон сол дзюдочии дигари тоҷик Шамс Киромов дар чемпионати собиқ Иттиҳоди шӯравӣ  сазовори медали нуқра гардид ва инчунин аввалин медалро аз чемпионати иттиҳоди шӯравӣ ба кишвар овард.

Боиси таҳсин аст, ки бо кӯшишу талошҳои Аҳтам Раҷабов, Саидмумин Раҳимов, Раҳмат Норматов ва дигар саромадони дзюдои кишвар соли 1986 чанд тан дзюдочиёни тоҷик ба дастаи яккачини собиқ Иттиҳоди шӯравӣ шомил гардиданд.

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин навъи варзиш зина ба зина боло рафт. Шумораи ҷавонони обутобёфтаи дзюдочӣ зиёд гардида, парчами давлату миллат дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии дунё парафшон гардид.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ва берун аз он варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат меварзанд. Яке аз тадбирҳои судманд дар ин самт таъсис додани Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои ҳавасмандгардонии варзишгарон равона гардидааст.

Бояд  зикр кард, ки  мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни  то  81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ  гӯштингири  тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон гардид. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи асосӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯз шуд. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ  барои  Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати 45 варзишгар  аз 15 кишвар баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дуюм медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Ӯзбекистон), ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ- ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон мизбонон аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Бояд зикр  намуд, ки  5 октябри  соли 2017    дар варзишгоҳи навбунёди   шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардида буд. Дар  мусобиқаи мазкур  паҳлавонон  аз 15 кишвари дунё, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Россия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Арманистон, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуда, дар вазни 90 кг  байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамчунин дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов,  Акмалиддин Муродов,  Саидҷамол Алимардонов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ қувваозмоӣ  карданд.

Аз  байни ин  варзишгарони   маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов тавонистанд дар ин мусобиқаи байналмилалӣ  ғолиб шаванд.

Хотиррасон менамоем, ки  5 октябр дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе  шашумин   Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар як сатҳи баланду хотирмон   баргузор гардид.  Дар ин мусобиқаи варзиши паҳлавонон  барои соҳиб шудани  Ҷоми Президенти Тоҷикистон байни ҳам рақобат карданд.    Ин  мусобиқа  аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни мардон доир гардид. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои Қазоқистон,  Қирғизистон,  Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳайати калон ширкат ва байни ҳам рақобат кардаданд.  Ҳамин тариқ дар  вазнҳои  -60-66-  ва – 90 паҳлавонони ӯзбекистонӣ, дар вазни- 73  кг варзишгари  тоҷик Фарҳод Раҳматуллобеков  дар вазни -81  паҳлавони    ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷиов  дар вазни  -100 яке аз варзишгарони   шинохтаи   тоҷик Саидов Саидҷалол  ва  дар вазни  ҷами  100 варзишгари дигари тоҷик  Темур Раҳимов  сазовори медали  тилло ва    Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доид ба дзюдо гардиданд.  

Бояд зикр кард, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаи пулӣ  гардиданд. Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ғолибони шашумин   Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон  10 000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 3000 сомонӣ туҳфа кард.

 

Меҳрони  ҚУРБОН,
шореҳи  варзиши
АМИТ «Ховар»

Октябрь 28, 2018 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад