Фестивали VI байналмилалии театрҳои лӯхтак — «Чодари хаёл» анҷом меёбад

Октябрь 26, 2018 17:15

ДУШАНБЕ, 26.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин лаҳзаҳо дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупории Фестивали VI байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷараён дорад.

Дар фестивал ҳунармандони театрҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд.

Фестивали мазкур бо мақсади рушди ҳамкорӣ байни театрҳои лӯхтаки давлатҳои узви ИДМ гузаронида шуда, дар он Тоҷикистонро се театр —  театрҳои лӯхтаки шаҳри Душанбе, Бохтар ва Бӯстон намояндагӣ намуданд.

Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Шаҳзодаи хурд»-ро аз рӯи асари Антуана Сент-Экзюпери пешниҳоди мухлисон намуд.

Тавре муовини директори Театри мазкур Наргис Розиқова зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, фестивали мазкур имсол нисбат ба солҳои қаблӣ шавқовартар гузашт. «Соли шашум аст, ки фестивали мазкур бо намоишҳои наву ҷолиб баргузор мегардад. Ҳамкорони мо аз дигар давлатҳо бо пешниҳоди намоишҳои худ аз таҷрибаи якдигар баҳравар мегарданд»,-иброз намуд Наргис Розиқова.

Бояд зикр намуд, ки хусусияти фестивал он аст, ки тайи солҳои баргузориаш дар он  аз кишварҳои мухталиф на танҳо барои кӯдакон, балки барои наврасони то 14 ва калонсолон низ  намоишҳо манзур мегарданд.

«Ҳаводорон ва ҳунармандон аз баргузории фестивали солҳои қаблию имсола танҳо хотироти рангин ва эҳсоси мусбат доранд, — гуфт мавсуф.

Ҳунармандон  ва меҳмонони фестивал аз иштирок дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл», ки ҳунармандони зиёдро аз кишварҳои хориҷӣ ба ҳам меорад, изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг онро тадбири беҳтарин арзёбӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъбасти фестивал ба иштирокдорон ва меҳмонони он туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо супорида мешаванд.

 

Октябрь 26, 2018 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд