Генерал-майори милитсия ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум гардид

Октябрь 29, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 29.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябри соли равон Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбат ба судшаванда Гадоев Файзулло Нуриллоевич, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия баррасӣ намуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ- маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол бо мусодираи молу амвол ба фоидаи давлат таъйин кард. 

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳукми мазкур нисбат ба  номбурда аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 200 қисми 4 бандҳои «в, д», 262 қисми 3 банди «б», 314 қисми 3, 316 қисми 3 банди «в» ва 319 қисми 4 бандҳои «в, г» бароварда шуд.

Ба иттилоъи манбаъ, мутобиқи моддаи 51 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоев Ф.Н. аз рутбаи «генерал-майори милитсия» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳрум карда шуд.

«Бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи медалу нишонҳои сарисинагии Гадоев Ф.Н., ки пеш ба ӯ тақдим гардида буд, бекор карда шуданд»,-илова намуд манбаъ.

Октябрь 29, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд