Ходимони дини шаҳри Ваҳдат барои ҷавонон се варзишгоҳ бунёд намуданд
ВАҲДАТ, 09.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ходимони дини шаҳри Ваҳдат дар деҳаи Шоразми Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон барои мусофирон истгоҳи замонавӣ ба истифода дода, панҷараҳои атрофи муассисаи таълимии рақами 35-ро пурра таъмир намуданд. Инчунин дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов як варзишгоҳ ва дар кӯчаи Меҳнати маркази шаҳр ду варзишгоҳи замонавиро мавриди баҳрабардории ҷавонон қарор доданд.
Мутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат Саидалӣ Ҳакимзода иброз намуд, ки ходимони дини шаҳри Ваҳдат корҳои созандагӣ ва бунёдкориро аз ҳисоби худ оғоз намуда, то имрӯз бо ҳашари умумии сокинон зиёда аз 7 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба истифода дода шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ходимони дини шаҳри Ваҳдат азм доранд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар якҷоягӣ бо сокинон корҳои созандагиро вусъат бахшида, боз даҳҳо иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро ба истифода диҳанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






