Хуҷанд узви Ассотсиатсияи байналмилалии «Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ» (UCLG VO) гардид

Октябрь 10, 2018 10:20

ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Хуҷанд узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии филиали Авруосиёии ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ» гардид.

Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин бора дар нишасти охирини Ассамблеяи генералии ин ташкилоти байналхалқӣ, ки дар шаҳри Чебоксарияи Федератсияи Россия бо ҳузури намояндагони зиёда аз 70 шаҳр сурат гирифт, қарор қабул карда шуд. Зимни нишасти мазкур  ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шаҳодатнома тақдим гардид.

Дар нишаст роҳбарони филиалҳо, намояндагони шаҳрҳо, ассотсиатсияҳои мақомоти маҳаллӣ ва коршиносони байналмилалӣ аз Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон, Испания, Россия, Туркия, Африқои Ҷанубӣ, Абхазия, Алҷазоир ва Муғулистон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ассотсиатсияи байналмилалии филиали Авруосиёии ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳид ва идораҳои маҳаллӣ» (UCLG VO) зиёда аз 1000 шаҳр ва ассотсиатсияҳоро муттаҳид намудааст.

Октябрь 10, 2018 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд