Хуҷанд узви Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» гардид

Октябрь 31, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Хуҷанд аз тарафи Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» ба узвияти комилҳуқуқ пазируфта шуд. Гувоҳномаи узвият аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ирсол гардида, онро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд супорид.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бояд зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим»  соли 2015 дар минтақаи махсуси Гонконг таъсис дода шуда, он ширкатҳои бузургтарини 36 давлатро муттаҳид месозад.

Акнун шаҳри Хуҷанд метавонад бо узвият дар Палатаи савдо ва саноати ташкилоти байналхалқии «Роҳи абрешим» аз имконот ва захираҳои шаҳрҳои узви  он васеъ истифода бурда, равобити тиҷоратии хешро тавсеа бахшад.

Октябрь 31, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд